Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифат, масъулиятшиносӣ ва фарҳанги рафтори писарон, дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №2 барои хонандагони болаёқат»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи тарбиявӣ бо иштироки хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11 баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур омӯзгорон ва намояндагони маъмурият низ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои муҳими тарбиявӣ, аз ҷумла эҳтироми арзишҳои миллӣ, риояи одобу ахлоқи ҳамида, масъулияти шаҳрвандӣ, тарзи ҳаёти солим, пешгирии амалҳои номатлуб, инчунин нақши писарон дар рушди ҷомеа ва оила мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои баррасишуда фикру андешаҳои худро иброз намуда, вобаста ба мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳодҳои судманд ироа карданд. Ҳамзамон, аз ҷониби омӯзгорон ва шахсони масъул маслиҳатҳои муфид ва тавсияҳои амалӣ пешниҳод гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид карда шуд, ки тарбияи дурусти писарон ҳамчун насли ояндасоз дар ташаккули ҷомеаи солим, устувор ва пешрафта аҳамияти хос дорад.
Ҷаласаи мазкур дар сатҳи зарурӣ баргузор гардида, ба ҳадафҳои пешбинишуда ноил гардид.
Шахсони масъул, ки ҷаласаро ташкил ва баргузор намуданд:
Сироҷиддинов Ҳасан — роҳбари созмони хонандагон ва раиси Шӯрои писарон;
Ҳолиқзода Восиф — муовини директор оид ба корҳои таълим;
Салтанати Маҳмадсаид — муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ.
Аксҳо аз рафти ҷаласа:
Нишон
Парчам
Суруди миллӣ



